«ҚАЙРОҚУМ»-РО КӢ ТАҶДИД МЕКУНАД?
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҳудуди вилояти Суғд аз ҷониби Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба маблағи беш аз 30 млн. доллари ИМА лоиҳаҳои гуногун амалӣ мешаванд. Ин нуқта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо роҳбари намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон Улф Стром, 4 феврал зикр гардид. Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки айни ҳол ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва амсоли инҳо хуб ба роҳ монда шуда, баҳри тавсеа бахшидани равобити иқтисодию фарҳангӣ бо намояндагии ин бонки бонуфуз вилояти Суғд ҳамеша омода аст ва пешниҳод карда мешавад, ки барои таҳким бахшидани фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ лоиҳаҳои махсус амалӣ карда шаванд. Улф Стром иттилоъ дод, ки алҳол аз ҷониби намояндагии ин бонк якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии 6 ноҳияи вилоят, таҷдиди НБО «Қайроққум» ва иваз намудани таҷҳизоти энергетикӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати паст намудани талафоти нерӯи барқ, омода гаштаанд, ки бо муваффақият амалӣ карда хоҳанд шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






