ҚИТЪАҲОИ ИНТИХОБОТӢ БО БАРҚ ТАЪМИН МЕШАВАНД
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар»,Кристина Эрлих). – Тибқи супориши раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ҳамаи қитъаҳои интихоботии ҳавзавӣ, ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ як рӯз пеш аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ ва дар рӯзи гузаронидани интихобот аз соати 16.00 – и 27 феврал то соати 9.00 – и 1 март ба таври доимӣ бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд. Ба роҳбарони ҳамаи шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо супориш дода шудааст, ки дар баробари ин ба лимити таъминоти қувваи барқ риоя намоянд. Қайд карда мешавад, ки дар ҷараёни интихоботи парлумон кормандони шабакаҳои барқи маҳаллӣ дар ҳамаи қитъаҳои овоздиҳӣ навбатдорӣ карда, таъминоти қувваи барқро назорат хоҳанд кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






