ҚИТЪАҲОИ ИНТИХОБОТӢ БО БАРҚ ТАЪМИН МЕШАВАНД

Февраль 23, 2010 16:49

Душанбе, 23  феврал. (АМИТ «Ховар»,Кристина  Эрлих). – Тибқи  супориши   раиси  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Барқи тоҷик»  Абдулло  Ёров  ҳамаи қитъаҳои  интихоботии  ҳавзавӣ,  ҷумҳуриявӣ  ва  ноҳиявӣ  як рӯз  пеш  аз  интихоботи  вакилони Маҷлиси  намояндагон ва  маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  мардумӣ  ва  дар рӯзи  гузаронидани  интихобот  аз  соати 16.00 – и 27  феврал то  соати 9.00 – и  1  март  ба таври  доимӣ  бо  қувваи  барқ таъмин  карда  мешаванд. Ба  роҳбарони  ҳамаи  шабакаҳои  барқи   шаҳру  ноҳияҳо  супориш  дода  шудааст, ки  дар  баробари  ин  ба  лимити  таъминоти  қувваи барқ  риоя  намоянд. Қайд  карда  мешавад, ки  дар  ҷараёни  интихоботи  парлумон   кормандони  шабакаҳои   барқи  маҳаллӣ  дар  ҳамаи  қитъаҳои овоздиҳӣ  навбатдорӣ  карда,  таъминоти   қувваи барқро  назорат  хоҳанд  кард.

Февраль 23, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад