ҲАҶМИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Февраль 4, 2010 15:17

Душанбе,   4  феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Мушовири  миллии  масъалаҳои таъминоти  оби Муассисаи  рушди  СММ  дар  Тоҷикистон Анатолий  Холматов    зимни  сӯҳбат бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки   захираи  умумии  истеҳсоли  қувваи  барқ  дар  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  дар  як  сол  460  миллиард  киловатт  —  соатро  ташкил  медиҳад.  317  миллиард  киловатт – соати он   ба  Тоҷикистон  рост  меояд. Айни  ҳол  захираи  гидроэнергетикии  Осиёи  Марказӣ  қариб 10  фоиз  ва  захираи  гидроэнергетикии  Тоҷикистон  ҳамагӣ  панҷ  фоиз истифода  бурда  мешаваду  халос. Ба қавли мушовир, ҳаҷми  умумии  захираи  гидроэнергетикии  Тоҷикистон  527  миллиард  киловатт – соат  мебошад, ки 4  фоизи   захираи  умумии  гидроэнергетики  ҷаҳонро  ташкил  медиҳад.  Арзиши  аслии  истеҳсоли  қувваи  барқ  дар  Тоҷикистон  хеле  арзон  мебошад.  Дар  ин  ҷо   хароҷоти  истеҳсоли  як  киловатт – соат қувваи  барқ 0,4  сентро ташкил  медиҳад. А.Холматов   зикр  кард, ки  қувваи  барқ  нисбат ба   сӯзишвориҳои дигар, аз  ҷумла,  газу  нафт,  ангишт ва  ҳатто  уран   барқароршанда  ва аз  ҷиҳати  экологӣ  безарар  мебошад. Илова бар  ин  нерӯгоҳҳои  барқи обӣ  барои таъмини  фаъолияти  мӯътадили  системаи  энергетикӣ ниҳоят  қулай  мебошанд,  зеро  ба  кор  андохтан  ё   аз  кор  боздоштани  агрегатҳои   нерӯгоҳҳои обӣ  кори ниҳоят  осон  буда,  хароҷоти  зиёдро талаб  намекунад. Истифодаи  бештари  захираҳои  гидроэнергетикии  Тоҷикистон  ба  пешрафти  иқтисодиёт ва  имкониятҳои  самарабахши  сарфа  кардани  қувваи барқ  дар  мамлакатҳои  ҳамсоя  низ  аҳамияти  калон  дорад. Қайд  карда шуд, ки   мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  айни  ҳол  дар  давоми  сол тақрибан  130  миллиард  киловатт – соат  қувваи барқро  истифода  мебаранд. Саҳми  қувваи барқ  дар  байни  намудҳои  дигари  сӯзишворӣ дар   давоми  сол  29  фоизро ташкил  медиҳад. Мушовир   изҳор  намуд, ки  ҳаҷми  умумии  захираи  гидроэнергетикии  Тоҷикистон  нисбат ба  ҳаҷми  имрӯзаи  истифодаи  қувваи барқ дар ҳамаи  панҷ  мамлакати  Осиёи  Марказӣ  4  баробар  зиёд  мебошад. А.Холматов  дар  бораи  ҳамкорӣ дар соҳаи  гидроэнергетика  сухан  ронда, гуфт, ки  мамлакатҳои  минтақа  бо назардошти  зарурати   истифодаи  умумии  захираҳои обу  энергетика  ба  манфиати ҳамаи  соҳаҳои  иқтисодиёт,  тадриҷан  бо гил пур  шудани  обанборҳо, тағйироти  ҷаҳонии  иқлим,  хавфи сар  задани фалокатҳои табиӣ ва  ғайра бояд   самарабахш  ҳамкорӣ  кунанд. Вале  сатҳи  имрӯзаи  ҳамкории  мамлакатҳои  минтақа   дар  соҳаи  обу  энергетика  ба  талаботи рӯз  умуман  мувофиқат  намекунад, гуфт  Анатолий  Холматов.

Февраль 4, 2010 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд