ҲАҶМИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Мушовири миллии масъалаҳои таъминоти оби Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон Анатолий Холматов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки захираи умумии истеҳсоли қувваи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар як сол 460 миллиард киловатт — соатро ташкил медиҳад. 317 миллиард киловатт – соати он ба Тоҷикистон рост меояд. Айни ҳол захираи гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ қариб 10 фоиз ва захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ фоиз истифода бурда мешаваду халос. Ба қавли мушовир, ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард киловатт – соат мебошад, ки 4 фоизи захираи умумии гидроэнергетики ҷаҳонро ташкил медиҳад. Арзиши аслии истеҳсоли қувваи барқ дар Тоҷикистон хеле арзон мебошад. Дар ин ҷо хароҷоти истеҳсоли як киловатт – соат қувваи барқ 0,4 сентро ташкил медиҳад. А.Холматов зикр кард, ки қувваи барқ нисбат ба сӯзишвориҳои дигар, аз ҷумла, газу нафт, ангишт ва ҳатто уран барқароршанда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Илова бар ин нерӯгоҳҳои барқи обӣ барои таъмини фаъолияти мӯътадили системаи энергетикӣ ниҳоят қулай мебошанд, зеро ба кор андохтан ё аз кор боздоштани агрегатҳои нерӯгоҳҳои обӣ кори ниҳоят осон буда, хароҷоти зиёдро талаб намекунад. Истифодаи бештари захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба пешрафти иқтисодиёт ва имкониятҳои самарабахши сарфа кардани қувваи барқ дар мамлакатҳои ҳамсоя низ аҳамияти калон дорад. Қайд карда шуд, ки мамлакатҳои Осиёи Марказӣ айни ҳол дар давоми сол тақрибан 130 миллиард киловатт – соат қувваи барқро истифода мебаранд. Саҳми қувваи барқ дар байни намудҳои дигари сӯзишворӣ дар давоми сол 29 фоизро ташкил медиҳад. Мушовир изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми имрӯзаи истифодаи қувваи барқ дар ҳамаи панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ 4 баробар зиёд мебошад. А.Холматов дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика сухан ронда, гуфт, ки мамлакатҳои минтақа бо назардошти зарурати истифодаи умумии захираҳои обу энергетика ба манфиати ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, тадриҷан бо гил пур шудани обанборҳо, тағйироти ҷаҳонии иқлим, хавфи сар задани фалокатҳои табиӣ ва ғайра бояд самарабахш ҳамкорӣ кунанд. Вале сатҳи имрӯзаи ҳамкории мамлакатҳои минтақа дар соҳаи обу энергетика ба талаботи рӯз умуман мувофиқат намекунад, гуфт Анатолий Холматов.








Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






