ҲАЙАТИ НАССОҶОНИ ТОҶИК БА ФАРОНСА РАФТ

Февраль 8, 2010 10:48

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайате аз намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Фаронса сафар карданд. Тибқи иттилои мушовири миллӣ дар масоили тамос бо ҷомеа, Лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», Маркази байнулмилалии тиҷорат Абдулфаттоҳ Шафиев сафари ҳайати Тоҷикистон  ба Париж аз 8-ум то 12-уми феврал сурат гирифта, ҳадафи аслии сафар омӯзиши бозори ҷаҳонии либос мебошад. Дар ин сафар, интизор меравад, ҳайъати Тоҷикистон бо талаботи калидии бозори ҷаҳонӣ дар мавриди сифати маҳсулот ва тавлидкунандагони он ошно шуда, таҷрибаи андӯхтаи худро дар корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон ҷорӣ созанд. Дар Париж намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ду намоишгоҳи байналмилалӣ- «Ҷаҳони нассоҷӣ» (Texworld), (намоишгоҳи матоъ, лавозимот ва манбаъҳои таҳвили маҳсулот), «Премйер Вижн Плуриел» (Premier Vision Pluriel), ки дар он навъҳои муосири мӯди либосҳо ба намоиш гузошта шудаанд, боздид менамоянд. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Роҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон, Сайидмуъмин Камолов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин нахустин сафари ҳайат аз Тоҷикистон ба намоишгоҳҳои мазкур аст. Ин сафар барои нассоҷону дӯзандагони тоҷик имкони хуберро ҷиҳати шиносоӣ бо олами мӯди Фаронса, интихоби навъи матоъҳо, қиёси арзиши сифати маҳсулот ва барқарор кардани робитаҳои тиҷоратиро бо ҳамкасбони фаронсавии худ фароҳам меорад. Ҳайати намояндагони Тоҷикистон аз маҳаллаҳои маъруфи Париж, бахусус кӯчаҳои мӯди ин кишвар боздид менамоянд. Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсозии содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар мебошад.      

Февраль 8, 2010 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд