ҲАМКОРИИ ПАРЛУМОНҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ

Февраль 17, 2010 09:17

Маскав, 17  феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  16  феврал  дар  Шӯрои  Федератсияи  Русия  таҳти  раёсати  раиси  Шӯрои  Федератсия  Сергей  Миронов  дар  мавзӯи «Афзун  гардонидани  самараи  ҳамкории  дуҷониба  ва бисёрҷонибаи  Шӯрои  Федератсия  бо  парлумонҳои  мамолики  ИДМ»  машварат  баргузор  гардид.   С.Миронов  зарурати бештар   ривоҷ  додани  ҳамкориро  бо   парлумонҳои  мамолики  ИДМ  таъкид  намуд. Вай зикр намуд, ки  соли равон раёсати ИДМ — ро Федератсияи  Русия  ба  зимма  гирифтааст. Мо  бояд  аз ин  имконият  барои   пурзӯр  намудани  равобити  дуҷонибаю  бисёрҷонибаи  парлумонҳо  дар  доираи  Иттиҳод  истифода барем, гуфт С.Миронов. Ба  қавли  ӯ, ҳамкории   парлумонҳои  мамолики  ИДМ  аз  ибтидо  хусусияти  бисёрсоҳа  ва  гуногунҷабҳа  дошт.  Айни  ҳол  фаъолияти  Ассамблеяҳои  байнипарлумонии  ИДМ,   Иттиҳоди  иқтисодии  Евразия,  СААД ва  ғайра  назаррас  мебошад. Русия  ба  фаъолияти  муштараки  комиссияҳои  байнипарлумонӣ  бо  Тоҷикистон, Қазоқистон  ва  Қирғизистон  аҳамияти  калон  медиҳад. С.Миронов  ба ҳамкории  дуҷонибаи  парлумонҳои  Русия  ва  Тоҷикистон  баҳои  баланд  дод. Қайд  карда  шуд, ки   мулоқоти  чоруми  намояндагони  парлумонҳои   Русия  ва  Тоҷикистон  тирамоҳи  соли  равон  дар  Душанбе баргузор  мегардад. Раиси  Шӯрои  Федератсия  пешниҳод  кард, ки  тӯли  солҳои оянда   бо  парлумонҳои  ҷумҳуриҳои  соҳили  Балтика   ҳамкорӣ  ба  роҳ  монда  шавад. Дар  доираи  ҷашни  65 – солагии  ғалаба   дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ   дар  мамлакатҳои  ИДМ  силсилаи  тадбирҳои  гуногун  ба  нақша  гирифта шудаанд. Муовини  вазири  корҳои  хориҷии  Русия  Андрей  Денисов  хабар  дод, ки  ба  ин  муносибат   7  апрел  дар  шаҳри  Санкт – Петербург  конфронси байналмилалӣ  ва  8  май дар Маскав   мулоқоти  ғайрирасмии  сарони  мамлакатҳои  ИДМ  ба  нақша  гирифта  шудаанд.   

Февраль 17, 2010 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид