ҲУКУМАТИ ҶОПОН ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯД

Февраль 4, 2010 15:19

Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). —  Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ « Ховар» хабар доданд,  4 феврали соли 2010 Йошихиро Накаяма, Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамрохон Зарифӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба Лоиҳаи истифодаи нерӯи тозаи экологӣ дар Тоҷикистон барои истеҳсоли нерӯи барқ тавассути системаи панелҳои офтобӣ дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон баҳри ҳифзи муҳити зист ва пешгирии тағйири иқлим табодули Ёддоштҳо намуданд. Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон барои ҳифзи муҳити зист ва пешгирии тағйироти иқлим яке аз бахшҳои механизми “Ҳамкорӣ баҳри замини сард” мебошад. Соли 2008 Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба ин шакли нави молиявӣ ҳамчун як навъи кӯмак ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ эълом дошт, ки ин кишварҳо барои афзоиши рушди иқтисодӣ ва ҳамзамон боз ҳам пурсамар гардонидани энергетика, нерӯи барқи тозаро истифода бурда бо ҳамин тартиб ба кам шудани партовҳои газҳои гармселӣ ба фазо мусоидат мекунанд. Гузашта аз ин, тарҳи мазкур кишварҳои рӯ ба тараққиро дар бар мегирад, ки онҳо зери таъсири пайомадҳои манфии тағйироти иқлим буда барои мулоим кардани таъсир ва мутобиқ шудан ба тағйироти иқлим чораҳо меандешанд. Дар асоси натоиҷи назарраси таҳқиқотҳое, ки аз тарафи Ҷопон баргузор шуданд ва машваратҳо бо мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доштанд, Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ки 450 миллион иенаро (тақрибан 5 миллион доллари ИМА) баҳри амалӣ намудани Лоиҳаи истифодаи нерӯи тозаи экологӣ дар Тоҷикистон барои истеҳсоли нерӯи барқ тавассути системаи панелҳои офтобӣ ҷудо намояд. Лоиҳаи мазкур, дар фосилаи камтар аз як сол, таъмин ва насб кардани таҷҳизоти системаи фотоэлектрикӣ дар Маркази миллии тибии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқтидори 110 кВт) ва дар Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистонро (бо иқтидори 30 кВт) дар бар мегирад. Инҳо яке аз сохторҳои бузурги мақомоти тиббӣ на танҳо дар Душанбе, балки дар сатҳи ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Панелҳои насбшавандаи офтобӣ имкон медиҳанд, ки мақомоти тиббии мазкур ҳар чӣ бештар бо сарчашмаи нерӯи тозаи экологӣ ва сарфа намудани масрафҳои барқӣ ва истифодаи васеъи манбаъҳои барқароршавандаи нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гарданд.

Февраль 4, 2010 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст