ҶАЛБИ ТАВАҶҶӮҲИ САЙЁҲОНИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 феврали соли ҷорӣ дар павилони марказии №5 Намоишгоҳи байналмилалии Брюссел бори нахуст таҳти унвони «Тоҷикистон – боми ҷаҳон» намоишгоҳ ташкил карда шуд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки ҳадафи чорабинии мазкур муаррифии Тоҷикистон, сохти сиёсӣ, таърих, тамаддун, имрӯзу фардои он, ҷолибияти кишвар аз нигоҳи сармоягузорӣ ва сайёҳӣ мебошад. Намоишгоҳ бо Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои «Президенти мо Эмомалӣ Раҳмонов», асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «The Tajiks in the Mirror of History, Volume one from the Aryans to the Samanids» – ҳамчун таҷассуми давлатдорӣ ва ақлу хиради олии сиёсатмадори даврони мо, оғоз гардид. Ба таваҷҷӯҳи тамошобинон ҳамчунин 8 ҷилди Энсиклопедияи Тоҷикистон, китобҳои академик Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон», «Ориённома» ҷилдҳои якум ва дуюм, олими исроилӣ Mikoel Zand — «Abuabdullo Rudaki – the founder of the Tajik Classic literature», олими эронӣ Саид Нафисӣ — «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» пешкаш гардид. Қисмати сеюми намоишгоҳ аз асарҳои рассомони тоҷик «Дараи Варзоб», «Дастурхон», сӯзаниҳои «Чодари арӯсӣ», «Пероҳани тӯӣ», асбобҳои мусиқии миллии тоҷчикӣи (дутор, тор, ғижжак, дойра, табл) ва дигар экспонатҳое, ки то ҳадди имкон дар бойгонии Сафорати Тоҷикистон дар Белгия ҷамъ карда шудаанд, иборат буд. Дар қисмати чаҳоруми намоишгоҳ маршрутҳои туристии Тоҷикистон, меҳмонхонаҳо, ҳамчунин хатҳои парвози ширкати миллии Тоҷикистон «Сомон эйр» ва ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати ҳавопаймоии Иттиҳоди Аврупо «Air Baltic» муаррифӣ гардиданд. Гуфтанист, ки барои ҷолиб сохтани намоишгоҳ ва тарғиби меҳмоннавозии миллии тоҷикон шириниҳои тоҷикӣ омода карда шуда, бо чойи гарм пешкаши хориҷиён гардид. Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел бошад, бо либосҳои миллии тоҷикӣ, қабили кулоҳ, ҷома ва кафши (ҷӯроби) миллӣ, мутаносибан, ҳамчун роҳнамо ва мизбон меҳмононро қабул намуда, бо онҳо дар тамос гаштанд. Мавриди зикр аст, ки ҳангоми кори намоишгоҳ бо як қатор ширкатҳои туристӣ, ки ба Тоҷикистон рағбат пайдо карданд, гуфтушунид ва созиш баста шуд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






