ҶАЛБИ ВАО ДАР ШАФФОФИЯТИ ҶАМЪОВАРИИ САҲМИЯҲО

Февраль 10, 2010 11:10

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳи январи соли 2010 аз фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» 701 млн. сомонӣ, ки баробари 162 млн. доллари амрикоӣ мебошад ҷамъоварӣ гардидааст. Боис ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои назорат ва сарфи маблағи ба дастомада, комиссияи   ҷамъиятӣ созмон дода шавад. Ҳамчунин,  дар ҷаласа ба идораҳои марбута супориш дода шудааст, ки дар ҳар 10 рӯз ба аҳолии ҷумҳурӣ аз ҷамъоварии маблағ иттилоъ диҳанд. Бо супориши Президент дар ҳайати комиссияи  ҷамъиятӣ намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кормандони васоити ахбори омма ворид карда мешаванд. Ин далели он аст, ки озодии баён ва ширкати ВАО дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қадамҳои устувори сохтмони давлати демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рӯз аз рӯз қавитар мегардад.  

Февраль 10, 2010 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд