ҶАВОНОНИ ТОҶИК «ЯК ВАҶАБ АЗ ОСМОН»-РО ТАМОШО КАРДАНД

Февраль 16, 2010 10:44

Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Душанбе ҳафтаи филмҳои эронӣ анҷом ёфт. Ин чорабинии фарҳангӣ дар доираи даҳаи Фаҷр  бо ибтикори бунёди фарҳангии «Аҷам»-и назди маркази фарҳангии ҷавонон-  «Ориёно» ва Ройзанаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Муддати як ҳафта ҷавонон ва наврасони тоҷик филмҳои «Сом», «Наргис», «Кафши сафед», «Борон» «Ҳаёт», «Қосидакҳо дар бод мерақсанд» ва  «Як ваҷаб аз осмон» -ро тамошо карданд.   Назар ба иттилои Раиси Ройзанаи фарҳанги Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадҳусайн Амир Ардӯш,  ҳадаф аз ташкили чунин чорабинӣ таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишвар ва шиносоии ҷавонони тоҷик бо ҳаёту рӯзгори ҷавонон ва наврасони эронӣ мебошад. Филмҳои мазкур гуногунмавзӯъ буда, он аз пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва нақши ҷавонону наврасони он дар рушди ҷомеаи Эрон нақл мекунад.

Февраль 16, 2010 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд