675 ҲАЗОР НАФАР ИХТИЁРӢ ШАРТНОМА БАСТАНД

Февраль 4, 2010 08:51

Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2009 ба Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон – «Тоҷиксуғурта» 675 ҳазор нафар шаҳрвандони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ихтиёрӣ суғурта бастанд, ки ин нисбат ба соли 2008 беш аз 100 ҳазор нафар зиёд мебошад. Умуман дар соли 2009 ба ширкати мазкур 985 ҳазор  нафар мизоҷон  шартномаи суғурта бастанд, ки  ин дар давоми 18 соли давлати нави соҳибихтиёр баландтарин нишондиҳандаи суғурташудагон мебошад. Дар соли 2009 ва як моҳи соли 2010 «Тоҷиксуғурта» ба маблағи    5 млн. сомонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ ба таври хайрия кӯмак расонида, ба буҷаи давлат беш аз 5 млн.сомонӣ ворид кардааст. «Тоҷиксуғурта» ҳамчунин ба миқдори 2 млн. 200 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО –и «Роғун» — ро харидорӣ намудааст.  

Февраль 4, 2010 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд