АМОНАТБОНК: ФУРӮШИ САҲМИЯҲО ИДОМА ДОРАД
Душанбе, 23 февраля. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз оғози фурўши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» то имрӯз 48 рӯз сипарӣ шуд. Тамоми мардуми шарафманди тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ҳиммату матонат ва ҳисси ватандории худро нишон дода, саҳми худро ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз сарбаландона мегузоранд. Аз нахустин рӯзи ҷойгиркунӣ ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои мазкур то имрӯз, тамоми 5 бахш, 70 шўъба ва 506 оҷонсии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои фурўши саҳмияҳо тамоми имкониятҳои худро баҳри дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабинии номбурда, сарф менамоянд. Мувофиқи иттилоъи хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» то 22 феврали соли 2010 тавассути муассисаҳои бонк ба маблағи 388 миллиону 721 ҳазору 500 сомонӣ саҳмияҳо фурӯхта шуда, ба миқдори 379 миллиону 648 ҳазору 375 сомонӣ ба суратҳисобҳои дар Вазорати молияи ҶТ будаи ҶСК «НБО Роғун» ирсол гардиданд. Фурӯши саҳмияҳо дар муассисаҳои бонк ҳамаҷониба идома ёфта, роҳбарият ва мутахассисин баҳри боз ҳам дар сатҳи баландтар доир намудани чорабинии мазкур, кўшишу заҳмати зиёд ба харҷ медиҳанд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






