БАҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲОИ ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОН БА ОХИР МЕРАСАД

Февраль 8, 2010 15:22

Душанбе,   8  феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). — Имрӯз,  8  феврал  бақайдгирии  номзадҳои  вакилони Маҷлиси  намояндагони  ҷумҳурӣ  ба охир  мерасад. Аз  рӯи  маълумоти  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  раъйпурсӣ,   ба  ҳар  ҷои  Маҷлиси  намояндагони  ҷумҳурӣ  тақрибан  4  номзад  пешбарӣ карда шудааст.  Тавре  ки  маълум  аст,   Маҷлиси  намояндагон  63  ҷой  дорад. Мухбири  АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад, ки  дар  ҳавзаҳои  интихоботии  якмандатӣ 150  номзад   ба  қайд  гирифта  шуд. Инчунин  мувофиқи  рӯихати  8  ҳизби  сиёсии  ҷумҳурӣ 73  номзад  пешбарӣ  карда шудааст.  Онҳо  дар интихобот  аз  ҳавзаи  умумиҷумҳуриявии  интихоботӣ  ширкат  хоҳанд  варзид. Интихоботи  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  олӣ ва  Маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  мардумӣ  28  феврал  гузаронида  мешавад. Ба  палатаи  поёнии  парлумони  мамлакат  63  вакил интихоб  карда  хоҳад  шуд. Аз  ин  ҷумла,  41  вакил  аз  ҳавзаҳои  интихоботии  якмандатӣ ва  22  вакил  мувофиқи  рӯихати  ҳизбҳои  сиёсӣ  пешбарӣ  карда шудааст.

Февраль 8, 2010 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд