БА КОРИ ФУРӮДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ БОРИДАНИ БАРФИ ЗИЁД МОНЕА ЭҶОД НАКАРД
Душанбе, 10 феврали. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Боридани барфи зиёд ва сардиҳо ба фаъолияти фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе монеа эҷод накард. Парвози ҳавопаймоҳо дар ҳамаи самтҳо мувофиқи ҷадвали корӣ амалӣ гаштанд. Рейсҳои дохилӣ ва беруна хусусан ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Алма-ато, Бишкек, Дубай, Шарҷа, Урумчи ва дигар минтақаҳо мувофиқи ҷадвали парвозҳо сурат гирифтанд. Қабули ҳавопаймоҳои 19 ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе мувофиқи ҷадвали фурудоӣ сурат гирифт. Аз ҷониби хадамоти хизматрасонии заминии фурудгоҳ барои тоза кардани барф 15 адад механизм ва техникаҳои махсус ба кор дароварда шуд. Ҳамчунин барои омода намудани ҳавопаймоҳо ба парвоз дар ин шабу рўз 19 адад механизм ва техникаҳои махсус кор карданд. Махсусан барои аз барф ва яхбандӣ тоза намудани ҳавопаймоҳо аз оби гарм ва реагент-химикатҳои махсус истифода шуд. Дар маҷмўъ барои баратараф намудани оқибати боридани барфи баланд 34 адад техникаҳои гуногуни махсус ба кор омода карда шуданд. Тавре аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттиллоъ доданд, натиҷаи кори пурсамари кормандони фурудгоҳ буд, ки дар ин рўзҳои сард ҷадвали парвоз ва қабули ҳавопаймоҳо риоя гардида, қафомонӣ аз ҷадвал мушоҳида нашуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






