БА СУРАТҲИСОБҲОИ СОХТМОНИ НБО РОҒУН 670 МИЛЛИОНУ 622 ҲАЗОР СОМОНӢ ДОХИЛ ШУД
Душанбе, 2 февраля. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – Аз рӯи иттилоъи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то якуми феврали соли 2010 ба суратҳисобҳои сохтмони НБО Роғун аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» 670 миллиону 622 ҳазору 221 сомони ворид гардид, аз ҷумла дар суратҳисоҳои, Бонки Давлатии Амонатгузории «Амонатбонк» 38 миллиону 580 ҳазор 800 сомонӣ, ҶСК «Ориёнбонк» — 132 миллиону 707 ҳазор 400 сомонӣ, ҶСК «Агроинвестбонк» — 106 миллиону 260 ҳазору 700 сомонӣ, ҶСП «Тоджпромбонк» — 5 миллиону 387 ҳазору 900 сомонӣ, ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» — 10 миллиону 955 ҳазору 600 сомонӣ, ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» — 1 миллиону 765 ҳазору 900 сомонӣ, ҶСП «Фононбонк» — 1 миллиону 939 ҳазору 300 сомонӣ, ҶСК «Бонки Эсхата» — 1 миллиону 531 ҳазору 800 сомонӣ ва хазинадории Вазорати молия — 371 миллиону 492 ҳазору 821 сомонӣ маблағ нигох дошта шудааст. Бояд гуфт, иттилоъ роҷеъ ба воридоти маблағҳо аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва дигар пардохтҳо ба суратҳисоби «НБО Роғун» ҳар даҳрӯза дар сомонаи Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






