БАРНОМАИ НАВИ ҲАРБИИ РУСИЯ МАЪҚУЛ ДОНИСТА ШУД
Маскав, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба барномаи нави ҳарбии Федератсияи Русия баҳои мусбат дода шуд. Муншии умумии созмон Николай Бордюжа ба хабарнигорон гуфт, ки барномаи мазкур вазъи воқеии замони ҳозираро дар соҳаи таъмини амният инъикос менамояд. Барои СААД ҳаминаш муҳим аст, ки таҳкими низоми амнияти дастаҷамъӣ дар доираи созмон ба вазифаи асосии Русия дар масъалаи боздоштан ва пешгирӣ кардани муноқишаҳо баробар карда шудааст. Дар барнома гуфта мешавад, ки Федератсияи Русия ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба яке аз давлатҳои аъзои созмон ҳамчун таҷовуз ба муқобили ҳамаи давлатҳои аъзои он мешуморад ва дар ин маврид мувофиқи аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ амал хоҳад кард. Барномаи нав нишон медиҳад, ки Русия ӯҳдадориҳои иттифоқчигии дар доираи созмон базиммагирифтаашро иҷро хоҳад кард, гуфт Н.Бордюжа. Барномаи нави ҳарбӣ инчунин иштироки Русияро дар ҳамаи тадбирҳои марбут ба таъмини амнияти дастаҷамъӣ пешбинӣ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






