БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАҲОИ ОБУ ЭНЕРГЕТИКАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Февраль 24, 2010 14:04

           Душанбе,  24  феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). —   Ҳайати  Бонки рушди  Осиё  таҳти  роҳбарии   мудири   шӯъбаи  ҳамкории  минтақавии  бонк Шигеко Хатторӣ рӯзҳои  22 ва  23  феврал  дар  Тоҷикистон  мусофират  дошт.  Аъзои  ҳайат  бо  ҷараёни  иҷрои  барномаи   ҳамкории  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  шинос  гардид.  Меҳмонон  инчунин  бо   кормандони  масъули  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  мулоқот  карданд.            Хабар  дода  мешавад, ки   дар  доираи   ҳамкории  иқтисодии   мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ дар Тоҷикистон  ба  маблағи бештар  аз  180  миллион  доллари  ИМА  чор  барнома  мавриди  иҷро  қарор  дорад. Ин  барномаҳо  ба  тармиму таҷдиди   роҳи  мошингарди  Душанбе – сарҳади  Қирғизистон,  беҳтар  сохтани  фаъолияти  муассисаҳои гумрук,  сохтмони  хати баландшиддати  интиқоли  барқ  дар  байни  Тоҷикистону  Афғонистон  ва тармиму таҷдиди  шабакаи тақсимоти  қувваи барқ  дар  НБО «Норак»  марбут  мебошанд.            Роҳбари  ҳайат  Ш. Хатторӣ  дар  бораи  проблемаҳои обу  энергетикаи   Осиёи  Марказӣ  сухан  ронда,  зикр  кард, ки  ин  проблемаҳо  бояд  дар  сатҳи  минтақа  зимни  гуфтушунидҳои  дуҷониба  ҳал  карда  шаванд.            Барномаи   ҳамкории  иқтисодии  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  соли  1997  таъсис  ёфта  буд.  Ба  он   Афғонистон,  Озарбойҷон,  Чин,  Қазоқистон,  Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон  ва  Ӯзбекистон  шомиланд. Барнома   зимни  хамкорӣ бо  шаш  муассисаи  калонтарини  молиявӣ — Бонки  рушди  Осиё, Бонки  тармиму таҷдид  ва  рушди  Аврупо,  Хазинаи  байналмилалии  асъор, Бонки   исломии  рушд, Муассисаи  рушди  СММ  ва  Бонки  ҷаҳонӣ  амалӣ  карда  мешавад.             Тоҷикистон  соли  1998   узви   барномаи  мазкур  гардида буд.  Дар  доираи барнома  то  имрӯз  ба  Тоҷикистон  ба  маблағи  қариб  560  миллион  доллари  ИМА  кӯмакҳои техникӣ  расонида  ва  қарзҳои  имтиёзнок  дода шуданд.

Февраль 24, 2010 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд