БО ВУ&#1206УДИ Б&#1262&#1202РОНИ МОЛИЯВ&#1250 ИСТЕ&#1202СОЛИ МА&#1202СУЛОТИ САНОАТ&#1250 ЗИЁДШУДААСТ

Февраль 1, 2010 10:07

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бӯҳрони молиявие, ки тамоми оламро фаро гирифтааст,  дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2009  ба корхонаҳои саноатии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ чандон таъсир накард, дар ин бора дар вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Бино ба гуфти вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2009 дар корхонаҳои саноатии вазорат ба маблағи 1 млрд. 534, 9 млн. сомонӣ   маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2008 6, 2 фоиз зиёд аст. Аммо нишондиҳандаҳо дар корхонаҳои коркарди пахта чандон хуб нест. Дар соли 2009 дар ин корхонаҳо ҳамагӣ ба маблағи 541, 1 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008 11,6 фоиз кам аст. Корхонаҳои дар ҳайати вазорат набуда ҳам нисбат ба соли 2008 10,8 фоиз камтар маҳсулот бароварданд.

Февраль 1, 2010 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд