БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

Февраль 4, 2010 10:27

 Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — «Ман ҳамеша омода будам ҳамчун намояндаи Тоҷикистони азиз баромад кунам ва орзуи ман — комёб шудан ба муваффақиятҳои баланди варзишӣ амалӣ хоҳад шуд», — изҳор кард дар нишасти матбуотӣ варзишгари номии тоҷик Расул Боқиев. Мувофиқи суханони Расул Боқиев ҳангоми  дар Маскав буданаш ба тамрин ва машқи ҷиддӣ машғул шуда муваффақиятҳои арзанда ба даст овардааст.  «Пеш аз ҳама рақибони русиягии худро омӯхта ба онҳо аз наздик шинос шудам, ки ин барои ман дар оянда муҳим мебошад», — гуфт Р.Боқиев. Паҳлавон Р.Боқиев изҳор кард, ки ба мусобиқаҳои дар пеш истода омодагӣ мебинад ва аз моҳи март ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ворид мешавад.  «Бори аввал дар таърихи варзиши тоҷик шартномаи махсус байни варзишгари касбӣ ба муҳлати муайян баста мешавад, ки дар он ӯҳдадориҳои дақиқи ҷонибҳо нишон дода шудааст. Сарпарасти молиявии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон, ширкати «Талко» омодагӣ ва иштироки Расул Боқиевро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар давоми солҳои 2010-2012  таъмин карда барои ҳар як дастоварди варзишӣ ба ӯ маблағи пулӣ тақдим мекунад», — қайд кард ноиби президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Маликшо Неъматов.               

Февраль 4, 2010 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд