БОЗДИДИ САРВАЗИР АЗ СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Ҳайати ҳукуматии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов имрӯз ба майдони сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» рафт. Ҳадафи асосии сафари ҳайат шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ ва гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирони он мебошад, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси Шӯрои нозирон ҳисоботи директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии НБО «Роғун» Нурулло Шулашов шунида шуд. Вай зикр намуд, ки имрӯз дар сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 7 ҳазор коргару мутахассис кор мекунад. Дар майдони сохтмони нерӯгоҳ 600 ҳазор метри мукааб бетон рехта шуд, то даҳрӯзаи аввали моҳи март дар ин ҷо 1000 метри мукааб бетон рехта хоҳад шуд. Дар маҷлис нақшаи иҷрои корҳои сохтмонӣ дар соли 2010 ва тартиби маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳ муайян карда шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






