БОЗГАШТИ РАСУЛ БОҚИЕВ
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Варзишгари маъруфи тоҷик, гӯштингири дзюдочӣ, барандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев аз Русия ба Тоҷикистон баргашт ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба ин муносибат 3 феврал дар Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо иштироки Р. Боқиев ва мураббии он Владимир Елчанинов нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ байни Расул Боқиев ва Владимир Елчанинов қарордоди ҳамкорӣ имзо карда шуд. Тибқи қарордод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва сарпарасти расмии он — Ширкати алюминии мамлакат ба Расул Боқиев ва мураббиаш барои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналхалқӣ кӯмаки моддию техникӣ мерасонанд. Р.Боқиев ният дорад, ки дар бозиҳои имсолаи мамлакатҳои Осиё ва бозиҳои олимпии Лондон дар соли 2012 ширкат варзад. Ёдовар мешавем, ки Расул Боқиев соли 2009 аз Тоҷикистон ба Русия рафта, шаҳрванди ин мамлакат гардида буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






