ЧИГИТИ ТУРКӢ ДАР ФАРХОР
Фархор, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Сулайморн Холов).- «Кишоварзони ноҳияи Фархор дар давоми соли сипаригардида 16245 тонна пахта, 39559 тонна ғалла истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2008 18830 тонна зиёд мебошад», — гуфт раиси ноҳия Шариф Ғаффоров дар нишасти матбуотӣ. Ш.Ғаффоров ҳамчунин қайд кард, ки дар ин давра 11830 тонна картошка, 20004 тонна сабзавот, 16132 тонна полезиҳо ва 1797 тонна мева , 990 тонна ангур истеҳсол гардид, ки аз 101 фоиз то 190 фоизи нақшаро ташкил мекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ масъулини ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода, дар майдони 9025 гектар пахта, аз ҷумла дар 366 га чигити навъи серҳосили туркии «Флора», дар 127 га чигити навъи «Кармен» корида шуда, дар майдони 580 га бар зидди малахи марокашӣ заҳрҳои химиявӣ пошида хатари нобудшавии зироатҳои хоҷагии қишлоқ бартараф карда шудаанд. Ҳоло дар ноҳия 1600 хаҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ташкил гардида, барои таъмини барномаи озуқавории мамлакат саҳми босазо мегузоранд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






