ДАР ШАҲРИ ЧЕЛЯБИНСК САҲМИЯҲОИ НБО РОҒУНРО ХАРИДОРӢ КАРДАНД
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояаҳмедова). — Соҳибкорон ва аъзои Ҷамъияти тоҷикони ш.Челябински Федератсияи Русия ба маблағи 50 ҳазору 700 доллари ИМА саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро харидорӣ карданд. Тавре сардори раёсати иттилооти ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Консули генералӣ дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва намояндагони бонки «Тоҷиксодиротбонк» фурӯши саҳмияҳои НБО Роғунро дар ш.Челябинск ба роҳ монданд. «Соҳибкорон ва аъзои Ҷамъияти тоҷикони ш.Челябинск гузоштани саҳми арзандаи худро дар сохтмони ин иншооти аср идома доданианд», — қайд кард Д.Назриев.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






