ДАР СУҒД 181 НОМЗАД ПЕШНИҲОД ШУДААСТ
Хуҷанд, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар ҳамаи 70 ҳавзаи интихоботӣ, воқеъ дар шимоли мамлакат комиссияҳои вилоятии интихобот бомуваффақият амал мекунанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоби депутатҳо ба Маҷлиси депутатҳои халқи вилояти Суғд Наим Маликисломов иттилоъ дод. Айни ҳол, ҳамаи 881 участкаҳои интихоботии вилоят бо таҷҳизоти зарурӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таъмин буда, ба интихоби намояндагон халқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Маҷлиси депутатҳои халқи вилояти Суғд, ки рӯзи 28 феврал баргузор мегардад пурра омода мебошанд. Барои интихоб шудан ба Маҷлиси депутатҳои халқи вилояти Суғд 181 номзад пешбарӣ шуданд, ки барои соҳиб шудан ба 70 мандати вакилӣ мубориза мебаранд. Ба қайдгирии номзадҳо то рӯзи 8 феврал идома меёбад, вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон ва муборизаи онҳо барои овози интихобкунандагон пас аз 8 феврал оғоз меёбад. «Ҳамчунин, рӯзи 28 феврал интихоби вакилон ба Маҷлиси депутатҳои халқи шаҳр ва ноҳияҳо, инчунин ҷамоатҳои деҳот сурат мегирад», — гуфт дар анҷоми сӯҳбат Н.Маликисломов.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






