ДАР СУҒД 181 НОМЗАД ПЕШНИҲОД ШУДААСТ

Февраль 4, 2010 10:23

Хуҷанд, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар ҳамаи 70 ҳавзаи интихоботӣ, воқеъ дар шимоли мамлакат комиссияҳои вилоятии интихобот бомуваффақият амал мекунанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоби депутатҳо ба Маҷлиси депутатҳои халқи вилояти Суғд Наим Маликисломов иттилоъ дод. Айни ҳол, ҳамаи 881 участкаҳои интихоботии вилоят бо таҷҳизоти зарурӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таъмин буда,  ба интихоби намояндагон халқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Маҷлиси депутатҳои халқи вилояти Суғд, ки рӯзи 28 феврал баргузор мегардад пурра омода мебошанд. Барои интихоб шудан ба Маҷлиси депутатҳои халқи вилояти Суғд 181 номзад пешбарӣ шуданд, ки барои соҳиб шудан ба 70 мандати вакилӣ мубориза мебаранд. Ба қайдгирии номзадҳо то рӯзи 8 феврал идома меёбад, вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон ва муборизаи онҳо барои овози интихобкунандагон пас аз 8 феврал оғоз меёбад.  «Ҳамчунин, рӯзи 28 феврал интихоби вакилон ба Маҷлиси депутатҳои халқи шаҳр ва ноҳияҳо, инчунин ҷамоатҳои деҳот сурат мегирад», —  гуфт дар анҷоми сӯҳбат Н.Маликисломов.

Февраль 4, 2010 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар