ДАСТГИРИИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА САРПАРАСТ ДАР РУШДИ ВАО
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз дар ш.Душанбе дар маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва муошират мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастгирии созмонҳои байналхалқӣ ва сарпараст дар рушди ВАО-и мустақили Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар муҳаррирону созмондиҳандагони ВАО -и Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Идораи САҲА дар Тоҷикистон, дигар созмонҳои байналхалқӣ ва рӯзноманигорону мутахассисон иштирок мекунанд. Дар рафти ҷамъомад масъалаҳои фаъолияти созмонҳо вобаста ба дастгирӣ ва сарпарастии ВАО — афзалият, принсипҳо, меъёр ва нақшаҳои корӣ дар соли 2010 аз ҷониби Идораи САҲА дар Тоҷикистон, Институти ҷомеаи кушод, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Барномаи рушди СММ, Сафорати Британияи кабир дар Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Намояндагии Комиссияи Аврупо баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба таъсири созмонҳои сарпараст дар муносибатҳои бозаргонии ВАО, имконияти таҳкими ҳамкориҳо миёни ВАО-и мустақил ва созмонҳои сарпараст мубодилаи афкор хоҳанд кард.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






