ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ЭРОН ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дирӯз, 15 феврал дар зимни мулоқоти вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо ректори Донишгоҳи озоди исломии Эрон Ҷосиб Абдулло дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф созишнома имзо шуд. Мувофиқи созишнома омӯзгорон, аспирантҳо ва донишҷӯёни Тоҷикистону Эрон барои иваз кардани таҷриба ва таҳсил ба мамлакатҳои ҳамдигар фиристода, дар Тоҷикистон филиали Донишгоҳи озоди исломии Эрон ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмҳои табиатшиносӣ кушода хоҳанд шуд. Ҷосиб Абдулло инчунин бо раисони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Паймон карда шуд, ки Донишгоҳи озоди исломии Эрон дар давоми 5 соли оянда ҳар сол барои донишҷӯёни тоҷик 10 ҷой ҷудо менамояд. Донишҷӯёни тоҷик дар ин ҷо ихтисосҳои тиббӣ, энергетикӣ, техникӣ ва кишоварзиро меомӯзанд. Донишгоҳи озоди исломии Эрон яке аз мактабҳои калонтарини олии ин мамлакат буда, дар он бештар аз 160 ихтисос омӯхта мешавад. Донишгоҳи мазкур дар мамлакатҳои хориҷӣ 5 филиал дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






