ДОНИШГОҲИ «ДӮСТИИ ХАЛҲО» 50 – СОЛА ШУД

Февраль 5, 2010 10:31

Душанбе, 5  феврал. (АМИТ «Ховар»,     Наталя  Михайлова). — Имрӯзҳо  дар  пойтахти  Федератсияи  Русия – шаҳри  Маскав  50 —  солагии  яке  аз  мактабҳои олии  машҳури   ин  мамлакат  — Донишгоҳи  «Дӯстии  халқҳо» ботантана  таҷлил  карда  мешавад. Ҳоло  дар  ин  мактаби  олии  Русия  бештар  аз   сад  нафар  донишҷӯ  ва  аспиранти тоҷик  таҳсил  мекунанд. Сафири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар Федератсияи  Русия  Абдулмаҷид  Достиев  ба  ин  муносибат  ба  унвони   ректори  Донишгоҳи  «Дӯстии  халқҳо»,  академик  Владимир  Филиппов   барқияи  шодбош  фиристод. Дар  барқия  ба  фаъолияти  донишгоҳ,  саҳми он  дар  тайёр  намудани  мутахассисони  варзидаи  соҳаҳои  гуногун,   давом  додани  анъанаҳои неки   солҳои гузашта  ва  ҳамкории  донишгоҳ  бо  муассисаҳои  илмию  маорифи  мамлакатҳои  дигар  ва  пеш  аз  ҳама  бо  мамлакатҳои  собиқи  шӯравӣ  баҳои  баланд  дода  мешавад.

Февраль 5, 2010 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид