ЭРОН КАЙҲОНРО ФАТҲ МЕКУНАД
Теҳрон, 4 феврал. (АМИТ «Ховар» — глобал.рус). — 3 феврал дар пойтахти Эрон маросими шиносоӣ бо радифҳои нави маснӯи «Мисбоҳ – 2», «Тулӯъ», «Навид» ва «Симурғ» баргузор гардид. Дар маросими мазкур Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод иштирок дошт. Вазири мудофиаи Эрон Аҳмади Воҳидӣ ба хабарнигорон гуфт, ки чанде пеш ба воситаи ракетаи барандаи «Қавошгар – 3» ба фазои кайҳон ҳайвоноти зинда, аз ҷумла мушҳо, сангпуштҳо ва намудҳои гуногуни ҳашарот фиристода шуданд. Тайёрӣ ба фиристодани ҳайвонот ба фазои кайҳон дар Эрон ду сол давом дошт. Моҳи ноябри соли 2008 Эрон ракетаи барандаи «Қавошгар – 2» -ро ба фазои кайҳон бароварда буд. Ракетаи мазкур дастгоҳҳои илмиро ба кайҳон баровард. Қисмати баргардандаи ракета баъди 40 дақиқа ба Замин фуромад. Дастгоҳҳои он фишори ҳаво ва суръати вазиши шамолро дар баландиҳои аз 50 то 200 километр муйян намуданд. Бояд гуфт, ки 3 феврал дар Эрон Рӯзи миллии таҳқиқи фазои кайҳон эълон шудааст. Вазири алоқаи мамлакат Ризо Тақипур ба хабарнигорон гуфт, ки ҳамаи ин ракетаҳо ва радифҳои маснӯъро мутахассисони маҳаллӣ сохтаанд. 3 феврали соли 2009 дар Эрон радифи маснӯи «Умед» ба воситаи ракетаи барандаи «Сафир» ба фазои кайҳон бароварда шуда буд. Рӯзҳои наздик дар Эрон барои таҳлили маълумоти радифҳои маснӯъ маркази махсуси илмӣ кушода хоҳад шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






