ФАЪОЛИЯТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ СҲШ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Февраль 4, 2010 09:30

Пекин,  4  феврал. (АМИТ «Ховар» —  афғонистон.ру). —  Муншии  умумии Созмони  ҳамкории  Шанхай  Муродбек  Имоналиев  3  феврал  дар  Пекин   изҳор  намуд, ки  созмон   ҳамкориро  дар  соҳаи   мубориза ба  муқобили  терроризм   пеш  аз  ҳама дар  самти  Афғонистон  пурзӯр  менамояд. Қайд  карда  шуд, ки  созмон  қарор  додаст  фаъолияти  худро ба  муқобили террористон  ва таъмини  амнияти  байналмилалӣ   нисбат ба  солҳои  пештара  афзунтар  гардонад. М.Имоналиев   зикр  кард, ки  созмон  барои  ҳалли  проблемаҳои  Афғонистон  корҳои  зиёдеро  ба  сомон  мерасонд ва  мерасонд.  Ба  қавли  ӯ,  ҳамаи  мамлакатҳои  аъзои  созмон то  ҳадди  имкон  дар  ҳалли   проблемаҳои  Афғонистон  саҳм  мегузоранд. Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки   Сарвазири  Русия  Владимир  Путин  чанде  пеш  аз   набудани   фаъолияти  муштарак   ва  мувофиқашудаи  мамлакатҳои  аъзои  СҲШ   дар   масъалаи  Афғонистон  изҳори  нигаронӣ  карда буд. Муншии  умумии  СҲШ  ёдовар  шуд, ки   ҳамаи  давлатҳои  аъзои  созмон  узви  иттиҳоди  зиддитеррористӣ  мебошанд. Созмони  ҳамкории  Шанхай  соли  2001  ташкил  ёфта  буд.  Айни  ҳол  ба  он  Русия,  Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон  ва  Ӯзбекистон  шомиланд. Ҳиндустон,  Эрон, Муғулистон  ва  Покистон дар  созмони  мазкур  мақоми  мушоҳид  доранд. Намояндаи  Афғонистон  низ  дар  ҳамаи  маҷлису  машваратҳои  СҲШ  ширкат  меварзад.

Февраль 4, 2010 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд