ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ПАЛАТАИ БОЛОИИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 1, 2010 11:16

Душанбе, 1 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 январ дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев  дар асоси Фармони  Президенти ҷумҳурӣ иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор шуд. Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабӯкдӯш кардани  Бобоҷон Бобохонов ризоият доданд.        Ҳамзамон, аъзои Маҷлиси миллӣ барои таъин гардидани Шерхон Салимзода Одина ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият доданд. Инчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи ғайринавбатӣ ба пешниҳоди Президенти мамлакат барои бозхонд намудани муовини аввали Прокурори генералии ҷумҳурӣ Абдусами Дадобоев ва муовинони раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Гиёев ва Зафар Азизов баррасӣ намуда, ризоият доданд.

Февраль 1, 2010 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд