ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ПАЛАТАИ БОЛОИИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 1 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 январ дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси Фармони Президенти ҷумҳурӣ иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор шуд. Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабӯкдӯш кардани Бобоҷон Бобохонов ризоият доданд. Ҳамзамон, аъзои Маҷлиси миллӣ барои таъин гардидани Шерхон Салимзода Одина ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият доданд. Инчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи ғайринавбатӣ ба пешниҳоди Президенти мамлакат барои бозхонд намудани муовини аввали Прокурори генералии ҷумҳурӣ Абдусами Дадобоев ва муовинони раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Гиёев ва Зафар Азизов баррасӣ намуда, ризоият доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






