ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ

Февраль 23, 2010 11:14

Душанбе, 23  феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина  Ғоибназарова). —  Роҳбарияти Консерваторияи  миллии  ба  номи  Т.Сатторов бо  Донишгоҳи  давлатии  фарҳангу  ҳунари   шаҳри  Маскав  созишномаи  ҳамкорӣ  имзо  намуд. Созишнома 22  феврал   зимни  ташрифи раиси Донишгоҳи давлатии  фарҳангу  ҳунари  шаҳри  Маскав  Рамазон  Абдулатифов  ба Консерваторияи  миллии  Тоҷикистон  имзо  карда  шуд. Ҳадафи  созишнома  ба  роҳ  андохтани  ҳамкорӣ  ва  ба  вуҷуд  овардани  фазои  воҳиди  илмӣ, маърифатӣ  ва  фарҳангии  Русия  ва  Тоҷикистон  мебошад. Дар  созишнома  ба  масъалаҳои  тайёр  намудани кадрҳои  варзидаи  соҳаи  мусиқӣ  диққати  калон  дода  мешавад. Рамазон  Абдулатифов   зимни  сӯҳбат  бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  Донишгоҳи давлатии  фарҳангу  ҳунари  Маскав  донишкадаи  махсуси  мусиқӣ  дорад ва ба  Консерваторияи  миллии  Тоҷикистон  дар  ҳалли  проблемаи  кадрҳо  кӯмак  расонда  метавонад. Тибқи  созишнома   кормандони  Консерваторияи  миллии  Тоҷикистон  дар  Донишгоҳи  фарҳангу  ҳунари  Маскав  маҳорати  худро такмил  дода,   таҷриба  омӯхта,  рисолаҳои  илмӣ  тайёр  карда ва барномаҳои  муштаракро  амалӣ  сохта  метавонанд.

Февраль 23, 2010 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд