ИЗОФАНАВИСӢ ДАР ИҶРОИ КОРҲО

Февраль 3, 2010 10:53

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти ваколатдори фаврии шӯъбаи пешгирии коррупсия Шарифбек Шарифбеков, дар вақти гузаронидани санҷишҳои молиявӣ дар сохтмони иншооти «Варзишгоҳи  «Металлург» -и шаҳри Турсунзода», муайян карда шуд, ки аз тарафи шахсони мансабдори корхонаи фаръии «Алюминсохтмон» — и КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» дар рафти тартиб додани  санадҳои иҷроиши кор дар давоми солҳои 2007 – 2008 дидаю дониста, қасдан бо роҳи нодуруст нишон додани ҳаҷми кори иҷронакардаи худ, аз ҷумла рехтани бетони тайёр, сохтани рави оҳану бетонӣ, чидани хишти деворҳои беруна ва ғайра, дар 28 ҳолат ба маблағи 152 ҳазор сомонӣ ба изофанависӣ роҳ дода, маблағи мазкурро тасарруф кардаанд. Раёсати тафтишоти Агентӣ бо моддаи 245 қ.4 (азхудкунӣ ё исрофкорӣ) ва моддаи 340 қ.2 (сохтакорӣ) – и КҶҶТ  нисбати шахсони мансабдори корхонаи «Алюминии тоҷик» парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот мебаранд.

Февраль 3, 2010 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд