КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР МЮНХЕН

Февраль 8, 2010 12:10

Мюнхен,   8  феврал. (АМИТ «Ховар» — ИТАР-ТАСС). —  Аз  5 то  7  феврал  дар   шаҳри Мюнхени  Олмон   бахшида ба  масъалаҳои  амният  конфронси  байналхалқӣ баргузор  гардид. Дар он  теъдоди  зиёди  сарони  давлатҳо,  сарони  ҳукуматҳо, вазирон,  роҳбарони   созмонҳои  байналхалқӣ,  намояндагони парлумонҳо,   мансабдорони  низомӣ,  сиёсатшиносон ва  хабарнигорон  иштирок  намуданд. Дар  байни  иштирокчиёни  конфронс Президенти Озарбойҷон  Илҳом  Алиев,  президенти  Афғонистон  Ҳамид  Карзад,  Муншии  умумии  СММ Пан Ги  Мун, директори генералии  Агентии  байналмилалии энергияи  атом Юкия  Амано, Муншии  умумии  НАТО Андерс  Фог  Расмусен,  муовини  раиси  ҳукумати  Русия  Сергей  Иванов,   вазири  корҳои  хориҷии Русия  Сергей  Лавров,   раиси  ҷамъияти  корхонаҳои  гази  Русия  Валерий  Язев,  раиси  кумитаи  масъалаҳои байналхалқии  Думаи давлатӣ  Константин  Косачев, намояндаи  доимии  Русия  дар  НАТО  Дмитрий  Рогозин,  вазири  корҳои  хориҷии  Олмон  Гидо Вестервеле,  вазири  мудофиаи  Олмон Карл Гутенберг,  вазирони  корҳои  хориҷии  Чин,  Британияи  Кабир, Украина,  Гурҷистон,  Латвия, аъзои  сенати  Амрико  ва  дигарон  ҳузур  доштанд. Дар  конфронс  мавзӯъҳои  гуногуни  марбут ба таъмини  амният  дар  саросари  ҷаҳон  муҳокима  шуданд. Конфронси  мазкур  ҳар  сол  дар  Мюнхен  рӯзҳои  истироҳати  аввалини   моҳи  феврал  гузаронида  мешавад. Конфроси  нахустини  Мюнхен  соли  1962  баргузор гардида буд. Теъдоди  иштирокчиёни он  дар  давоми  10  соли  охир   хеле  афзуд,  имрӯз  дар  он  намояндагони   мамлакатҳои Аврупои  марказию  шарқӣ,  Чин,  Ҳиндустон, Филиппин, Ҷопон ва  Сингапур  иштирок  менамоянд.  

Февраль 8, 2010 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд