КОРТҲОИ НАВИ ПУЛГИРӢ

Февраль 26, 2010 15:31

Душанбе, 26  феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова ). —  Ҷамъияти  саҳҳомии  Бонки «Эсхата»  ҳамроҳи  Ҷамъияти  саҳҳомии «Рукард» —  и  Федератсияи  Русия  дар  доираи  барномаи  пардохти  ғайринақдии  пул  ба  паҳн  намудани  кортҳои   нави  пулгирӣ  дар  дохили  мамлакат  шурӯъ  намуд. Корманди  масъули  Бонки «Эсхата» Дилшод  Неъматов ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки   истифодаи   кортҳои нави   пулгирӣ  мақом  ва  қурби   пули  миллии  сомониро  баланд  бардошта,   ба  коргарони  корхонаю  муассисаҳо  имкон  медиҳад, ки музди  кор  ва  маоши  худро  бе  ягон  мамониат дар  вақти  дилхоҳашон  гиранд.  Бонки  «Эсхата» то  имрӯз  бо  чор  корхонаи   калони  саноатии вилояти  Суғд  барои  тайёр  кардан  ва  додани кортҳои  пулгирӣ  қарордод  имзо  кардааст. Д.Неъматов   зикр  кард, ки  кортҳои  нав  барои  гирифтани  пул  танҳо  дар   дохили  мамлакат  истифода бурда  мешавад. Дар  ин  маврид  проблемаҳои  марбут  ба  тағйир  ёфтани  қурб ва арзиши  пул  аз  байн  мераванд. Афзалияти  дигари   кортҳои  мазкур  ҳамин  аст, ки   маблағи  музди  кор  ва  маош  дар  муддати  кӯтоҳ  ба  суратҳисоби  соҳибони онҳо  гузаронида  мешаванд ва   кортҳои нав   барои  ҳамаи  гурӯҳҳои  аҳолӣ  дастрас  мебошанд.  

Февраль 26, 2010 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд