МАҲБУСОНИ АФҒОН БА МАҚОМОТИ ДАХЛДОРИ ИН МАМЛАКАТ СУПОРИДА ШУДАНД
Кобул, 5 феврал. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). – 4 феврал дар вилояти Кундуз бештар аз 80 нафар шаҳрванди Афғонистон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда буданд, ба мақомоти дахлдори ин мамлакат супорида шуданд. Маҳбусони афғон дар асоси созишномаи байниҳукуматии Кобул ва Душанбе ба ватан баргардонида шуданд. Муовини волии вилояти Кундуз Ҳамидулло Донишӣ ба ин иқдоми мақомоти Тоҷикистон баҳои баланд дода, онро муносибати дӯстона ва иқдоми хайрхоҳона номид. Маҳбусон дар маҳбасхонаи шаҳри Кундуз ҷой дода шуданд. Ҳамидулло Донишӣ ба хабарнигорон гуфт, ки маҳбусон баъди тафтиши ҳуҷҷатҳо ва ба расмият даровардани онҳо ба маҳалҳои истиқоматашон фиристода хоҳад шуд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 270 шаҳрванди Афғонистон маҳбус мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






