МАРКАЗИ НАВИ ТАШХИС

Февраль 5, 2010 09:28

Хоруғ, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). —  Пешрафти босуръати иқтисоду иҷтимоъ барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташкили нуқтаҳои нави хизматрасонии тиббиро тақозо дорад. Бо назардошти шароити кунунӣ табибони соҳибтаҷриба тарзҳои замонавии хизматрасониро интихоб менамоянд. Ба наздикӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Солим» таҳти сарварии духтур Азизшо Хуҷасолиев таъсис ёфт.Дар ин ҷо бо сарфи кам маскунони ВМКБ аз ташхисӣ тиббӣ мегузаранд. Дар Маркази ташхисӣ табибони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, дар ихтиёрашон дастгоҳҳои замонавии тиббӣ доранд. Асосан касалиҳои дилу касалиҳои даруниро ташхис менамоянд. Марказ дар шаҳри Хоруғ, дар маҳаллаи Касалхонаи вилоятӣ, дар ошёнаи дуюми дорухонаи « Шифо» фаъолият дорад.  

Февраль 5, 2010 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд