МО БА «РӮЗИ МОҲӢ» ХОҲЕМ РАСИД
Душанбе, 25 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои директори корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров, дар доираи «Барномаи рушди моҳипарварӣ барои солҳои 2009 — 2015» корхонаи мазкур корҳои зиёдеро анҷом додааст. Корхона истеҳсоли умумии моҳии ватаниро дар соли 2009 ба 504 тонна расонида, нисбат ба соли 2008 100 тонна зиёд моҳӣ сайд карда шавад. Ин дар мавридест, ки соли 1992 ҳамагӣ 20 тонна моҳӣ сайд карда шудааст. Дар моҳи январи соли 2010 аллакаи 100 тонна моҳӣ дар нуқтаҳои фурӯш ба савдо рафтааст. Тибқи барномаи ташкили озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) –и Созмони Миллали Муттаҳид, дар обанбори Норак 15 тонна гулмоҳӣ барои афзоиш сар дода шуд. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 хоҷагии калони моҳипарварӣ, 47 хоҷагиҳои хурду миёнаи фермерӣ ва деҳқонии моҳипарварӣ таъсис ёфтааст. -Ин тадбир имкон медиҳад, ки «Рӯзи моҳӣ» аз нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шавад,- иброз дошт директори КВД «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров ба мухбири АМИТ «Ховар».








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






