МО БА «РӮЗИ МОҲӢ» ХОҲЕМ РАСИД

Февраль 25, 2010 10:09

Душанбе, 25 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои директори корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров, дар доираи «Барномаи рушди моҳипарварӣ барои солҳои 2009 — 2015» корхонаи мазкур корҳои зиёдеро анҷом додааст. Корхона истеҳсоли умумии моҳии ватаниро дар соли 2009     ба 504 тонна расонида,  нисбат ба соли 2008 100 тонна зиёд моҳӣ   сайд карда шавад. Ин дар мавридест, ки соли 1992 ҳамагӣ 20 тонна моҳӣ сайд карда шудааст. Дар моҳи январи соли 2010  аллакаи 100 тонна моҳӣ дар нуқтаҳои фурӯш ба савдо рафтааст. Тибқи барномаи ташкили озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) –и Созмони Миллали Муттаҳид,  дар обанбори Норак 15 тонна гулмоҳӣ барои афзоиш сар дода шуд. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 хоҷагии калони моҳипарварӣ, 47 хоҷагиҳои хурду миёнаи фермерӣ ва деҳқонии моҳипарварӣ таъсис ёфтааст. -Ин тадбир имкон медиҳад, ки «Рӯзи моҳӣ» аз нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шавад,- иброз дошт директори КВД «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров ба мухбири АМИТ «Ховар».  

Февраль 25, 2010 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст