МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ ЧКАЛОВСК

Февраль 22, 2010 08:12

Чкаловск,  22  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —  Раиси  вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода  19  феврал  дар  шаҳри  Чкаловск  рӯзи  қабули  шаҳрвандонро  ташкил  намуда,  бо  мушкилоти  зиндагии онҳо  шинос  шуд. Дар маросими қабули  шаҳрвандон роҳбарони  идораҳои  вилоятӣ,  аз  ҷумла  раёсатҳои  маориф,   тандурустӣ,   молия  ва  хифзи  иҷтимоӣ  иштирок  доштанд. Қ.Расулзода  ба  роҳбарони  мақомоти  шаҳр  супориш  дод, ки  аризаю  шикояти  шаҳрвандонро  сари  вақт  баррасӣ  намуда,   мушкилоти  зиндагии онҳоро  сари  вақт  ҳал  намоянд  ва  аз  натиҷаи он   ба  роҳбарияти  вилоят  хабар  диҳанд. Баъди  чошти  дирӯз  дар  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Чкаловск  бо  иштироки Қ.Расулзода  маҷлиси  фаъолон  баргузор  гардид. Раиси  вилоят   зикр  кард, ки  дар  фаъолияти  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ  дар  бобати  баррасӣ  намудани   аризаю  шикоят  ва  муроҷиати  шаҳрвандон камбудиҳои  зиёд  ҷой  доранд. Ҳалли ҳамаи  проблемаҳои  ҳаёти  сокинони  шаҳр  вазифаи  бевоситаи   роҳбарияти он  мебошад. Қайд карда шуд, ки   дар  натиҷаи   сари  вақт  ҳал  накардани  мушкилоти  зиндагии  сокинони  шаҳр   миқдори  мактубу  муроҷиат  ва  шикояти  онҳо   ба  идораҳои болоӣ торафт  бештар  мегардад. Дар  маҷлис   хабар  дода  шуд, ки   соли  2009   ба   мақомоти  иҷроияи  шаҳри Чкаловск  аз  номи  сокинони  маҳаллӣ  680   ариза  ворид  гардидааст.  Аз  ин  ҷумла,  ҳамагӣ  46  ариза   таҳти  назорат  қарор  дорад.  82  ариза  сари  вақт  муҳокима  карда  нашудааст. Соли  2009  аз  номи  сокинони  Чкаловск  ба  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилоят  47  аризаю  шикоят   ворид  гардидааст. Аз  ин  ҷумла,  19  ариза  барои  тафтишу  муҳокима  ба  роҳбарияти  Чкаловск  фиристода,  7  ариза таҳти назорат  гирифта  шуд. Раиси  вилоят  ба  раиси   шаҳри  Чкаловск  Шавкат  Бобоев  супориш  дод, ки  минбаъд  муносибатро  ба  аризаю  шикоят  ва   муроҷиати  шаҳрвандон   беҳтар  намояд. Инчунин  ба роҳбарияти  шаҳр  супориш  дода шуд, ки  аз  ҳисоби  барзиёд  иҷро  намудани   нақшаи  буҷети  маҳаллӣ  хобгоҳҳои  нимсохта  ва  холӣ  тармим  карда,  ба  сокинони  мӯҳтоҷ  дода  шаванд. Ба  қавли  раиси  вилоят  барои  беҳтар  сохтани таъминоти  об  ояндаи  наздик   аз  ҳисоби  қарзҳои   яке  аз  бонкҳои  Аврупо  3  миллион  доллари  ИМА  ҷудо  карда  мешавад. Қайд  карда шуд, ки   сари  вақт  ҷамъ  овардани  маблағи  қувваи  барқ  ва  гази  истифодашуда   вазифаи  бевоситаи  роҳбарияти  шаҳр  мебошад. Инчунин  дар  маҷлис  масъалаҳои   рафти  фурӯши  саҳмияҳои  НБО «Роғун», муташаккилона гузаронидани интихоботи  оянда ва  таҷлили 20 —  солагии истиқлолияти  мамлакат  муҳокима  карда шуданд.

Февраль 22, 2010 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд