МУСОБИҚА БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИСА

Февраль 2, 2010 10:36

Қӯрғонтеппа,  2 феврал. (АМИТ «Ховар», Мурод  Сотиев). —   Рӯзҳои  истироҳати гузашта дар  Қӯрғонтеппа  ба  муносибати  85 – солагии ташкили  милитсияи  Тоҷикистон  мусобиқаҳои  варзишӣ  баргузор  гардиданд. Аз ҷумла,  дар  мусобиқаи  гӯштини  миллӣ қариб  сад  нафар  кормандони  мақомоти  муҳофизи  қонуну  тартиботи  вилояти  Хатлон  иштирок  намуданд. Натиҷаҳои  мусобиқа  имрӯз,  2  феврал  ҷамъбаст  карда  мешаванд. Бояд  гуфт, ки  сарпарастии  ин  мусобиқаҳоро  соҳибкорони  маҳаллӣ  ба  зимма  гирифтаанд. Раиси  шаҳри  Қӯрғонтеппа  Шарифхон  Самиев  изҳор  намуд, ки   рушди  соҳаи  варзишро  дар  фаъолияти  мақомоти  муҳофизи  қонуну  тартиботи  вилоят  ҳамаҷониба дастгирӣ  хоҳад  кард.

Февраль 2, 2010 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд