МУЗДИ МИЁНАИ МЕҲНАТ 19,2 ФОИЗ АФЗУДААСТ

Февраль 16, 2010 10:09

Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Кумитаи давлатии омор, дар  ибтидои соли 2010 музди  миёнаи корӣ 19,2 фоиз афзудааст. Дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ дар моҳи декабри соли 2009 музди меҳнати кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ аз дигар соҳаҳо дида камтар буд. Дар соҳаҳои номбурда, музди меҳнати кормандон мутаносибан 91 сомонию 79 дирам, — 197,65 ва 199 сомонию 29 дирамро ташкил дод. Музди кори аз ҳама баланд дар соҳаҳои алоқа – 770 сомонию 75 дирам, нақлиёт – 770 сомонию 36 дирам ва дар соҳаи сохтмон 704 сомонию 03 дирам ба ҳисоб гирифта шудааст. Умуман дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматхои моддӣ музди миёнаи ҳармоҳаи кор дар моҳи январи соли 2010  286 сомониро ташкил дод, ки  нисбат ба моҳи декабри соли 2009  20 сомонию 10 дирам зиёд  аст. Дар байни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ музди миёнаи кормандони молия аз ҳама зиёд – 1221 сомонию 29 дирамро ташкил дод.  

Февраль 16, 2010 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд