МУЗДИ МИЁНАИ МЕҲНАТ 19,2 ФОИЗ АФЗУДААСТ
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Кумитаи давлатии омор, дар ибтидои соли 2010 музди миёнаи корӣ 19,2 фоиз афзудааст. Дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ дар моҳи декабри соли 2009 музди меҳнати кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ аз дигар соҳаҳо дида камтар буд. Дар соҳаҳои номбурда, музди меҳнати кормандон мутаносибан 91 сомонию 79 дирам, — 197,65 ва 199 сомонию 29 дирамро ташкил дод. Музди кори аз ҳама баланд дар соҳаҳои алоқа – 770 сомонию 75 дирам, нақлиёт – 770 сомонию 36 дирам ва дар соҳаи сохтмон 704 сомонию 03 дирам ба ҳисоб гирифта шудааст. Умуман дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматхои моддӣ музди миёнаи ҳармоҳаи кор дар моҳи январи соли 2010 286 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи декабри соли 2009 20 сомонию 10 дирам зиёд аст. Дар байни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ музди миёнаи кормандони молия аз ҳама зиёд – 1221 сомонию 29 дирамро ташкил дод.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






