НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚИИ САНОАТӢ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Февраль 10, 2010 09:13

Душанбе,  10  феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  Ширкати «Экспоцентралазия» ҳамроҳи  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон аз  16  то  18  марти  соли  2010  дар  шаҳри  Душанбе   намоишгоҳи  байналхалқии  саноатию  тиҷоратиро ташкил  менамояд. Дар  он  қариб  100 корхонаю ширкати   бештар  аз  20  мамлакат,  аз ҷумла,  Тоҷикистон,  Русия, Қазоқистон, Қирғизистон,  Эрон, Италия,  Олмон, Аморатҳои  Муттаҳидаи  Араб,  Чин,  Булғористон, Озарбойҷон  ва  Финляндия  иштирок  менамоянд. Намоишгоҳи  мазкур барои  бисёр  корхонаю  ширкатҳо  ва   содиркунандагони мол  аҳамияти  калон дорад. Зеро  соҳаи  тиҷорати  байналхалқии  Тоҷикистон  ҳанӯз  тараққӣ  накардааст,  бисёр  соҳаҳои  иқтисодиёт  имкониятҳои  калони  ҳамкорӣ  доранд ва  ниёзманди  сармоягузорӣ  мебошанд.  Ҳаминро  ҳам  зикр  кардан  лозим  аст, ки  дар  намоишгоҳи  мазкур  на танҳо  роҳбарону  мутахассисони  корхонаю  ширкатҳои  маҳаллӣ,  балки   корхонаю  ширкатҳои  мамлакатҳои  ҳамсоя,  аз  ҷумла  Афғонистон  ва  Ӯзбекистон  ширкат  хоҳанд  варзид. Ширкати  байналхалқии  «Экспоцентралазия» 7  сол  боз  дар  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  ба ташкили   намоишгоҳҳо  машғул  аст.  Ширкати  мазкур  дар  ин  муддат   бештар  аз 15  намоишгоҳ  ташкил  намудааст.  

Февраль 10, 2010 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд