НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚИИ САНОАТӢ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ширкати «Экспоцентралазия» ҳамроҳи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз 16 то 18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналхалқии саноатию тиҷоратиро ташкил менамояд. Дар он қариб 100 корхонаю ширкати бештар аз 20 мамлакат, аз ҷумла, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Италия, Олмон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Чин, Булғористон, Озарбойҷон ва Финляндия иштирок менамоянд. Намоишгоҳи мазкур барои бисёр корхонаю ширкатҳо ва содиркунандагони мол аҳамияти калон дорад. Зеро соҳаи тиҷорати байналхалқии Тоҷикистон ҳанӯз тараққӣ накардааст, бисёр соҳаҳои иқтисодиёт имкониятҳои калони ҳамкорӣ доранд ва ниёзманди сармоягузорӣ мебошанд. Ҳаминро ҳам зикр кардан лозим аст, ки дар намоишгоҳи мазкур на танҳо роҳбарону мутахассисони корхонаю ширкатҳои маҳаллӣ, балки корхонаю ширкатҳои мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд варзид. Ширкати байналхалқии «Экспоцентралазия» 7 сол боз дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ташкили намоишгоҳҳо машғул аст. Ширкати мазкур дар ин муддат бештар аз 15 намоишгоҳ ташкил намудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






