НАМОИШИ КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ ДАР МИНСК

Февраль 16, 2010 09:43

Маскав, 16  феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). —  Аз 10 то 14 феврали  соли равон  дар  пойтахти  Ҷумҳурии  Белорусия – шаҳри  Минск бо ташаббуси  Фонди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии  давлатҳои  ИДМ   намоишгоҳ ва  ярмаркаи  байналмилалии  китоб  баргузор гардид. Дар  он бештар  аз 30  ҷилд  китоб  намоиш  дода  шуд, ки   аз ин  ё он  ҷиҳат  ба  адабиёти тоҷик  марбут  буда,  бо   дастгирии  молиявии  Фонди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии  давлатҳои ИДМ  нашр  карда шудаанд. Котиби  матбуоти фонди  мазкур  Александр  Калугин  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  китобҳои  зикршуда  дар  давоми  солҳои  2008 – 2009  чоп  шуда,  дар озмунҳои  байналмилалии  панҷум  ва  шашуми   давлатҳои  ИДМ  соҳиби  ҷоизаҳои  гуногун  гардидаанд. Китобҳо  аз  силсилаи  «Адабиёти  классикии  давлатҳои  ИДМ»,  асарҳои  А.С.Пушкин  ба  забонҳои  тоҷикию  русӣ,  маҷмӯаи  ашъори  Абӯабдулло  Рӯдакӣ  ба  забонҳои тоҷикӣ  ва  русӣ,  афсонаҳои  халқии тоҷикӣ  таҳти  унвони «Кӯзаи  нуқрагии  пур  аз  афсона»,  китобҳои  дарсӣ  барои   мактабҳои  русзабони  мамлакатҳои  ИДМ,  китоби  дарсии  «Забони тоҷикӣ»,  китоби  дарсии «Синтаксиси забони  адабии  муосири  рус» барои  мактабҳои олии  мамлакатҳои  ИДМ,  «Забони русӣ» барои  синфҳои  болоии  мактабҳои  русзабони Тоҷикистон  ва  ғайра  аз  ҳамин  ҷумлаанд.

Февраль 16, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд