НАМОИШИ МУШТАРАКИ МУСТАҚИМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ имрӯз бо ҳайати кормандони муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини сардори дастгоҳи Президенти ин мамлакат Муҳаммад Алӣ Зӯҳраӣ мулоқот кард. Намояндагони Эрон бо мақсади ташкили гурӯҳи корӣ барои таҳияи барномаҳои ҳамкории фарҳангӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Дар мулоқот сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст иштирок дошт. Ҳайати Эрон дар бобати вусъат додани доираи ҳамкории фарҳангӣ бо Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ба миён гузошт. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки шабакаи муштараки телевизионии Тоҷикистону Эрон ташкил карда шавад. Қайд карда шуд, ки рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Шероз ҷашн гирифта мешавад, байни студияҳои телевизионии Эрон ва Тоҷикистон хати мустақими алоқа кушода хоҳад шуд. Ҷараёни таҷлили иди Наврӯз дар шаҳри Шероз ба воситаи телевизион ҳам дар Эрон ва ҳам дар Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Намояндагони Эрон пешниҳод карданд, ки киносозони ҳар ду кишвар дар офаридани филмҳои бадеии бисёрсериягӣ ҳамкорӣ кунанд. Эрон ба Тоҷикистон инчунин дар бобати тайёр намудани кадрҳои варзидаи соҳаи фарҳанг кӯмак расонида метавонад. Таъкид шуд, ки дар рушди равобити фарҳангии ҳар ду кишвар воситаҳои ахбори оммавӣ нақши муҳим мебозанд. Вобаста ба ин пешниҳод карда шуд, ки нашрияи муштарак таъсис дода, дар ҳудуди ҳар ду мамлакат паҳн карда шавад. М.Зӯҳраӣ изҳор намуд, ки 10 – 12 сол пеш шумораи хеле ками аҳолии Эрон дар бораи Тоҷикистон маълумоти зарурӣ дошт, ҳоло бештар аз 50 фоизи аҳолии мамлакат аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба хубӣ огоҳанд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






