НАШРИ «ГУЛИСТОНИ ҒАЗАЛ» ДАР «ПАЙВАНД»
Душанбе, 1 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Пайванд» маҷмӯаеро таҳти унвони «Гулистони ғазал» ба тозагӣ аз чоп баровард. Дар ин маҷмӯа шоир ва адабиётшиноси тоҷик Раҷабалӣ Худоёр беҳтарин шеъру ғазалҳои шоирони гузашта ва муосири эронӣ, ба мисли Ҳазрати Имом Хумайнӣ, Сурӯши Исфаҳонӣ, Адиби Нишопурӣ, Эраҷ Мирзо, Ҷаннати Фаслибаҳор, Орифи Қазвинӣ, Маликушшуарро Баҳор, Абулқосим Лоҳутӣ, Жола Бадеъ, Мирзода Ишқӣ, Саид Нафисӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Парвини Эътисомӣ, Сиёвуши Касроӣ, Нодири Нодирпур, дар маҷмӯъ ашъори 205 шоири Эронро гирд овардааст. Бояд зикр кард, ки адабиётшиноси тоҷик шеъру ғазалҳои шоирони эрониро аз дигар китобҳо ва маҷмӯаҳо бо тартиби хос гирд овардааст. Иддае аз ғазалу шеърҳои шоирони эронӣ аз ҷониби бархе аз овозхонони тоҷик ба оҳанг дароварда шуда, суруда мешаванд. «Гулистони ғазал» бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуруфоти кириллӣ дар ҳаҷми беш аз 700 саҳифа пешкаши хонандагон гардидааст. Ҳамчунин дар анҷоми китоб луғатнома ва тавзеҳот ҷо дода шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






